Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ф.Абдуллоев: "Филмсозон аз ҳимояи давлат бенасибанд"


Фарҳод Абдуллоев, коргардони тоҷик муқими Маскав.
Фарҳод Абдуллоев, коргардони тоҷик муқими Маскав.

Филми “Ризоияти эҳтимолӣ”, сохтаи Фарҳод Абдуллоев, дар ҷашнвораи имсолаи “Ника”-и Русия ба намояндагӣ аз Тоҷикистон ширкат кард.

Ҳарчанд ҷоизаи филми беҳтаринро дар ин бахши озмун филми гурҷии “А есть ли там театр?" ба худ ихтисос дод, аз назари мунаққидон филми сохтаи Фарҳод Абдуллоев баҳои баланд гирифтааст. Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Маскав, коргардони маъруфи тоҷик гуфт, ин филм ( “Презумпция согласия”) бар пояи рӯйдодҳои воқеӣ наворбардорӣ шудааст.

"Ризоияти эҳтимолӣ " як истилоҳи ҳуқуқӣ буда, дар соҳаи тибби трасплонтологӣ ба кор меравад. Манзур ин аст, ки вақте як инсон дар ҳолати пеш аз марг меафтад, узвҳои бадани ӯро барои наҷоти ҷони дигарҳо истифода кардан мумкин мешавад. Ин чизро қонуни кишвар, масалан Амрико иҷоза медиҳад. Ҳолати баръаксе ҳам вуҷуд дорад, ки онро эҳтимоли адами иҷозат мегӯянд ва он ба маъноест, ки касе ҳақ надорад бидуни иҷозати инсон ё хешу табори вай, аз аъзои баданаш истифода кунад. Гоҳо дар шароити имрӯза дар кишварҳое мисли Русия дидан мумкин аст, ки аъзои бадани баъзе инсонҳо қочоқ мешаванд. Дар филми ман "ризоияти эҳтимолӣ" боз мафҳуми ахлоқӣ дошта, ба маънои он истифода шудааст, ки мо дар зиндагӣ гоҳо ба беадолативу беномусӣ чашм мепӯшем."

Ба ин тартиб, филми Фарҳод Абдуллоев дар бораи сарнавишти як табиби озарбойҷонӣ нақл мекунад, ки дар як дармонгоҳи минтақаи дури Русия фаъолият карда, аз лиҳози фарҳангиву касбӣ ва инсонӣ бо ҳамкасбону ёру дӯстони наваш дучори бархӯрд мешавад.

Ӯ мегӯяд, ин филм дар бораи ихтилофи назарҳои як инсони даврони нав ва кӯҳна баҳс мекунад: "Вале миллати духтур муҳим нест, ӯ метавонист як табиби русе аз Сибири дур ҳам бошад, ки ба маркази Русия роҳ ёфтааст. Ҳоло маркази Русия қонунҳои зиндагӣ ва муқаррароти ахлоқии худро дорад, ки 20 соли бозсохти ҷиддии кишвар дар ин ҷо ҷиддан эҳсос мешавад. Худхоҳӣ, манфиатҷӯӣ бар принсипҳои муҳими маънавии инсон, ки дар Ислому масеҳият парастиш мешаванд, бартарӣ доранд."

Фарҳод Абдуллоев 55 сол дошта, дар соли 1989 Донишгоҳи давлатии кинематографияи Шӯравиро хатм кардааст. Солҳои 1990-ум, баъди он, ки филми ӯ дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва зиндагии муҳоҷирон дар урдугоҳи Дашти мори Афғонистон (“Таджикистан. Военные хроники". Солҳои 1992-1995) бо бархӯрди манфии мақомот рӯбарӯ шуд, асосан дар Маскав ба сар бурда, дар он ҷо кор мекунад. Бо ин вуҷуд, ҳама филмҳои сохтаи ӯ, аз ҷумла “Сталкер”, “Торикии шуъур”, “Бозгашт”, “Пайғоме ба инсон”, “Падари Ҳамлет”, “Ловитор” ва дигарҳо дар ҷашнвораҳои байналмилалии синамо дар Берлин, Канн, Ҷумҳурии Чех, Русия, Эстония, Латвия, Ҳамбург ва давлатҳои дигар аз Тоҷикистон намояндагӣ кардаанд.

Абдуллоев мегӯяд, аз он ки шароити филмсозӣ дар Тоҷикистон мусоид нест, набуди пуштибониву маблағгузории ин соҳа аз ҷониби ҳукумат аст: "Агар ҳукумат дар фикри давлату мардумаш бошад, бояд ҳатман дар фикри фарҳангу ташаккул додани эҳсоси хештаншиносии миллӣ бошад. Агар миллат соҳиби як равоне бошад, ки бар пояи фарҳанг бунёд шуда бошад, ин миллат бар ҳама мушкилот пирӯз мешавад. Масалан, дӯстони мо дар Қирғизистон мегӯянд, ки аз буҷаи давлат ҳар сол як фоиз ба пуштибонии синамо равона мешавад ва аз ин пулҳо соле се-чор филм бардошта мешавад. Ҷаҳониён Қирғизистонро мешиносанд ва дар борааш фикри хуб доранд. Мутаассифона, дар бораи мо, чун мардуми пастзадашуда, бадбахт ва беҳимоят танҳо аз хабарҳои ҷиноӣ огаҳ мешаванд. Ин як фоҷеа аст ва ин вазъ бояд ислоҳ шавад."

Фарҳод Абдуллоев мегӯяд, вай дар зиндагиву кор талош мекунад, озодии фитриву эҷодии худро ҳифз карда, он филмеро ба навор гирад, ки “гирифтанашро зарур мешуморад”. Вай мегӯяд, зиндагӣ дар Маскав барояш имкони сохтани он филмеро медиҳад, ки дилаш мехоҳад.
XS
SM
MD
LG