Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти зидди Русия дар Варшава


Шаҳрвандони Полша дар назди бинои сафорати Русия дар Варшава тазоҳуроти эътирозӣ барпо карданд. Онҳо гуфтанд, ҳавопаймое, ки соли 2010 суқут кард ва Лех Качинский-раиси ҷумҳури Полша бо 95 нафари дигар ба қатл расиданд, сӯиқасд будааст. Онҳо ба нишонаи эътироз акси бузурги Владимир Путинро оташ заданд. Тазоҳуроти эътирозӣ дар остонаи дуввумин солгарди суқути ҳавопаймо баргузор шуд. 10 апрели соли 2010 ҳавопаймои раиси ҷумҳури суқут карда буд. Бисёре аз тазоҳуркунандагон ҷонибдори Ярослав Качинский-бародари Лех Качинский мебошанд, ки ақидаи сӯиқасди Русия ба ҳавопайморо таблиғ мекунад.
XS
SM
MD
LG