Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз мулоқоти раҳбарони Ҳинду Покистон розист


Виктория Нуланд

Виктория Нуланд

Амрико аз мулоқоти раҳбарони Ҳиндустону Покистон истиқбол кард ва гуфт, беҳбуди муносиботи рақибон дар Осиёи Ҷанубӣ ба беҳбуди вазъ дар мирнтақа кӯмак хоҳад кард. Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон нахустин раҳбари ин кишвар аст, ки дар 7 соли охир бори аввал аз Ҳиндустон боздид кард. Вай рӯзи якшанбе бо Манмуҳон Сингҳ мулоқот анҷом дод. Онҳо қавл доданд, ки қадам ба қадам муносиботи сардшудаи миёни ду кишварро нарм мекунанд. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон хеле қаноатманд аст, ки Манмуҳон Сингҳ даъвати Зардориро барои боздид аз Покистон пазируфт.
XS
SM
MD
LG