Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кветтаи Покистон 4 пайрави шиаро террор карданд


Пулиси Покистон мегӯяд, ки мардони мусаллаҳ дар ҳамлае дар шаҳри Кветта 4 нафар пайравони мазҳаби шиаро куштаанд. Қотилон савори мототсикл дар хиёбони пуродами ба номи Шоҳзода ба сӯи ин афрод тир андохтаанд. Кветта маркази аёлати ноороми Балуҷистони Покистон аст ва бо Эрону Афғонистон ҳаммарз мебошад. Муҳаммад Тариқ-сухангӯи пулис гуфт, ба эҳтимоли зиёд ин тирандозӣ дар заминаи хусумати мазҳабӣ анҷом гирифтааст ва пулис ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
XS
SM
MD
LG