Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Баҳрайн 7 корманди пулис ҷароҳат бардоштанд


Дар инфиҷори бами дастисохте дар наздикии Манама-пойтахти Баҳрайн 7 корманди пулис захмӣ шудаанд. Бам дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозӣ мунфаҷир шудааст. Тазоҳуркунандагон раҳоии Абдулҳодӣ Хоҷа-яке аз фаъолонро тақозо мекарданд. Вай аз ду моҳ ба ин сӯ ба гуруснанишинӣ идома медиҳад. Сухангӯи вазорати корҳои дохилаи ин кишвар гуфтааст, тазоҳуркунандагон ба сӯи пулис шишаҳои бензинро партоб кардаанд. Рӯзи якшанбе пулис гуфт, ки Абдулҳодӣ Хоҷаро, ки шаҳрвандии Данияро низ дорад, раҳо нахоҳад кард.
XS
SM
MD
LG