Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ба арзиши 100 млн рубл кӯмаки башарӣ кардааст


Дар моҳи апрел Русия ба арзиши 100 миллион рубли русӣ ба Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона фиристодааст. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷаи Русия хабар додааст. Дар хабари вазорат омадааст, тибқи дастури руасои ҷамоҳири ҳар ду кишвар, ҳукумат ва вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия амалиёти кӯмак ба мардуми Тоҷикистонро анҷом додааст. Ин кӯмакҳо 113 тон аст ва аз хаймаву дастгоҳҳои гармидиҳанда, ниругоҳҳои сайёри хурди барқӣ, зарф ва консерваҳо иборат мебошад.
XS
SM
MD
LG