Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё фаъолияти ширкати ТАЛКО қатъ мешавад?


Дафтари матбуотии ширкати ТАЛКО хабар додааст, ки агар фаъолияти ин корхона муттаваққиф шавад, дар он сурат дубора ба фаъолият даровардани ин корхона ва тавлиди алюмин ғайриимкон хоҳад буд. Бино ба хабари ин манбаъ, аз оғози соли ҷорӣ то ҳол дар ин корхона ба арзиши 153, 1 миллион доллар алюмин тавлид шудааст. Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ тавлиди алюмин нисбат ба семоҳаи ахири соли гузашта 8 дарсад боло рафтааст. Вале аз аввали моҳи апрел Узбакистон интиқоли газ ба ширкати ТАЛКО-ро қатъ кардааст. “Тоҷиктрансгаз” гуфтааст, ки дар давоми ду рӯзи ахир гази захирашуда дар хатҳои интиқоли газ ба корхонаи ТАЛКО дода шуд. Барои фаъолияти ин ширкат аз ангишт низ метавон истифода кард. Барои ин кор дар як шабонарӯз 120 тон ангишт сарф мешавад.
XS
SM
MD
LG