Пайвандҳои дастрасӣ

СММ ва Амрико тирандозиҳои фаромарзии Сурияро маҳкум карданд


СММ ва Амрико тирандозиҳои маргбори рӯзи душанбе аз қаламрави Сурия ба хоки Туркия ва Лубнонро маҳкум карданд. Дар эъломияе, ки аз номи Бан Ки Мун-Дабири кулли СММ пахш шуд, омадааст, ки Бан Ки Мун аз ин тирандозиҳо изҳори таассуф кардааст.

Аз сӯи дигар, Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон аз ин тирандозиҳо “сахт ба ғазаб омадааст”. Қабл аз ин изҳорот ду шаҳрванди Сурия ва як тарҷумони Туркия дар урдугоҳи паноҳҷӯёни Сурия дар ҷануби Туркия дар натиҷаи тирандозӣ аз хоки Сурия ҷароҳат бардоштаанд. Фаъолони Сурия мегӯянд, ба бовари онҳо, сарбозони артиши Сурия ба сӯи паноҳҷӯён тир холӣ кардаанд. Паноҳҷӯён талош доштаанд, аз Сурия фирор кунанд.

Рӯзи душанбе як рӯзноманигори телевизиони Лубнон низ дар наздикии марз бо Сурия аз тири ҷониби Сурия ба қатл расид. Ин тирандозиҳо дар ҳоле сурат гирифтааст, ки имрӯз мӯҳлати хуруҷи нируҳои артиши Сурия аз шаҳрҳое, ки зери назорати нозирони байналмиллалии оташбас аст, ба поён мерасад. Хуруҷи ин нируҳо тибқи нақшаҳои нозирони байналмиллаии сулҳ сурат мегирад. Созмонҳои ғайридавлатии Сурия мегӯянд, ки дар саросари кишвар дар даргириҳои нав даҳҳо нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG