Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар аксари қисматҳои Тоҷикистон борон пешбинӣ шудааст


Дар Душанбе дар нимаи дуввуми рӯз борон пешбинӣ шудааст. Ҳаво 20-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар Хуҷанду Кӯлоб ва водии Вахш низ борон пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар Хуҷанд то 23 дараҷа, дар Кӯлоб то 25 дараҷа ва дар Қурғонтеппа то 28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Бадахшон бориш дар назар дошта нашудааст. Ҳаво рӯзона то 12 дараҷа гарм, шабона дар баландкӯҳҳо то 5 дараҷа хунук мешавад.
XS
SM
MD
LG