Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барканории раиси боздоштгоҳ барои фирори муҳоҷирони ттоҷику ӯзбак


Сарраёсати вазорати умури дохилии Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград гуфт, ки раиси маркази нигаҳдории муваққати шаҳрвандони хориҷӣ Виталий Улаев барои фирори боздоштшудаҳо аз вазифа сабукдӯш шуд. Аз рӯи иттилои полис, ҳоло ҷустуҷӯи 11 фирории ин марказ, ки бояд барои вайрон кардани қоидаи буду бош дар Русия ба ватани худ истирдод мешуданд, идома дорад. Аз миёни онҳо чаҳор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон буда, боқӣ табааи Ӯзбакистон мебошанд. Ҳодисаи мазкур рӯзи якшанбе рух дод. Полис мегӯяд, ки шаҳрвандони Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, қулфи дарро дар ошёнаи панҷум шикаста, дар роҳ ду ходими полисро бо оҳанпорае зада аз марказ фирор карданд. Дар робита бо ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ барои “истифодаи зӯр нисбати намояндаи давлат” боз шудааст.
Айни замон, баъзе манбаъҳо мегӯянд, ки яке аз фирориҳо – шаҳрванди Ӯзбакистон Ҳилолиддинхӯҷа Алломов шоми якшанбе боздошт шуд.
Ин бори дуюми фирори боздоштшудаҳои ин марказ мебошад, ҳодисаи қаблӣ 21 феврал рух дода дар он 8 шаҳрванди Осиёи Марказӣ аз ин боздоштгоҳ фирор карданд.
XS
SM
MD
LG