Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми имсолаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба порлумони кишвар дар марҳилаи хос ва ҳассоcе ироа хоҳад шуд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар шароите барои гузориши ин паём омода мешавад, ки равобити дучори чолиши Тоҷикистон бо ҳамсояи худ Узбакистон, ки роҳи аслии таъминотии Тоҷикистон аз он убур мекунад, ба нуқтаи атф расидааст. Мушкили Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари иҷрои тарҳҳои бузурги энержӣ, ахиран бо қатъи интиқоли гази он кишвар ба корхонаҳои азими Тоҷикистон ва тахриби қитъаи роҳи оҳани Амузган-Хатлон, таниши бештаре пайдо кард.

Аз сӯи дигар, мушкилоти ҳалношудаи Тоҷикистон бо муҳимтарин шарики роҳбурдии худ Русия бар сари ҳузури пойгоҳи ин кишвар ва масоили дигари минтақаӣ, ба сурати бесобиқа печида гаштааст. Дар чунин шароите қарор аст, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаи худ ба манзури таъйини хати машши давлатро ироа кунад.

Манобеи Ҳизби халқӣ-демократӣ, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон, мегӯянд, муносибат бо ҳамсояи худ Узбакистон ва пешниҳоди роҳи ҳал барои рафъи рӯиҳамрафта миёни ду кишвар, аз нукоти аслии паёми солонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон хоҳад буд. Усмон Солеҳ, масъули робита бо ҷомеаи ҲХДТ дар ин маврид гуфт: "Дар бораи муносибатҳои мо бо кишварҳои ҳамсоя, дар бораи доду гирифт, дар бораи обу газу барқ баъзе фикрҳоро раисиҷумҳур хоҳанд гуфт ва роҳҳои ҳалли онро ҳам нишон хоҳанд дод."



ПРЕЗИДЕНТ ЧӢ ХОҲАД ГУФТ?

Ба гуфтаи бархе аз масъулини дигар, меҳвари аслии ин паём ҳамчунон перомуни бӯҳрони энержӣ ва роҳҳои берун шудан аз ин вазъият хоҳад буд. Ба ин манзур, ба гуфтаи ин масъулон, президент ҷумҳур ба истиснои барномаҳои роҳбурдӣ дар ин бора, роҷеъ ба бархе аз тарҳҳои тактикӣ ва миёнамӯҳлат низ сӯҳбат хоҳад кард. Фароҳам кардани шароити бештар барои ҷалби сармояи хориҷӣ, густариши муносиботи давлат бо бахши хусусӣ ва тиҷорати хурду миёна аз мавзӯъҳои дигари ин паём хоҳад буд.

Аммо гузашта аз барномаҳои энержӣ ва тарҳҳои иқтимоӣ, ба назари таҳлилгарон, масоили таъмини амният низ бояд дар меҳвари ин паём қарор дошта бошад. Махсусан бо таваҷҷӯҳ ба дигаргун шудани шароити минтақаӣ ва барномаи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, Тоҷикистон бояд роҳ ва усули бархӯрди баъдии худ ба авзоъро дар паёми имсоли раисиҷумҳур муайян кунад.

Cӯҳроб Шарифов, вакили МН

Cӯҳроб Шарифов, вакили МН

Сӯҳроб Шарифов, раҳбари собиқи Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва ва ҳоло вакили порлумон дар ин бора мегӯяд: "Масъалаи дигари бисёр муҳим ин амнияти минтақаӣ аст. Мо дар остонаи хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон қарор дорем ва бояд роҳи худро таъйин кунем, ки чӣ гуна рафтор кунем ва чӣ гуна манфиатҳои худ, манфиатҳои абарқудратҳоро дар назар дошта бошем, ки ҳушёриро аз даст надиҳем ва бозичаи дасти онҳо нашавем."

Бархе дигар аз таҳлилгарон ба ин боваранд, ки дар ин паём ба ду нуктаи аслӣ бояд таваҷҷӯҳ шавад, яке таъмини кишвар бо нерӯи барқ ва дигаре масъалаи таъмини гузинаи сӯхте, ки битавонад ҷойгузини гази табиӣ шавад.

МАСОИЛИ ЭНЕРЖӢ - МЕҲВАРИ ПАЁМҲОИ ГУЗАШТА

Аммо дар гузашта низ, умдатан аз соли 2005 ба ин сӯ, як нуктаи муҳими паёмҳои раисиҷумҳур ҳалли масоили энержӣ ва барқ будааст. Дар паёми соли 2005 ба ҳалли ин масъала то соли 2010 ишора шудааст, аммо таҳти шароити хос ва мухолифати бархе ҳамсояҳо, барномаи азими сохтмони нерӯгоҳи Роғун, ки метавонад истиқлоли энержиро таъмин кунад, ҳамчунин тӯл кашидааст. Дар паёми соли 2008 низ барномаи энержӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар садри паёми раиси ҷумҳур буд. Дар соли 2009 таваҷҷӯҳи Маҳали бунёди нерӯгоҳи "Роғун"

Маҳали бунёди нерӯгоҳи "Роғун"

бештар ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва паёмади он шуда, аммо дар солҳои 2010 ва 2011 дубора нукоти аслии паём боз ҳам сиёсати энержӣ ва ҳалли мушкили барқ буда ва дар канори он ба субот ва амният низ таъкиди рӯшан шудааст.

Даъвати гузаштан ба истифодаи чароғҳои каммасраф як нуктаи дигар аз паёми соли 2009-и раисиҷумҳури Тоҷикистон буд, ки мешавад гуфт ба сурати умумӣ ба иҷро расидааст.

ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ШЕВАИ БАРХӮРД БО ОН

Бархе коршиносон мегӯянд, дигар кардани шеваи бархӯрд ба иҷрои нукоти паёмҳои раисиҷумҳур бояд аз имсол оғоз шавад ва ин шарт бояд дар паёми имсол ба сурати рӯшан таъкид шавад. Зеро ҳамеша ин замонҳо гуфта мешавад, вале вақте, ки бархе аз ин нукот иҷро намешавад, ягон шахси масъул ва ё ягон ниҳоди давлатӣ посух намегӯяд.

Дар ҳамин ҳол, Сӯҳроб Шарифов низ мегӯяд, дар воқеъ бояд таҷрибаи назорат ва гузориш дар мавриди иҷрои нуктаҳои паёми раисиҷумҳур дар Тоҷикистон рӯи даст гирифта шавад. Зеро мегӯяд ӯ, дар воқеъ агар ниҳодҳои зирабт ба сурати дуруст ин паёмҳоро иҷро мекарданд, хеле аз мушкилот ҳал шуда буд.

Ӯ мегӯяд: "Дар барномаҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ бисёре аз нукоти ин паёмҳо зикр мешавад ва иҷро шудааст, аммо дар ҳақиқат дар зери таҳқиқ қарор доштани иҷрои нукоти паёмҳо то ҳол беҳбудӣ металабад. Дар ин ҷода бояд хулосагирӣ шавад ва ниҳодҳо ва вазорату идораҳое, ки аз иҷрои ин қарорҳо сарпечӣ мекунанд ва ё онро иҷро намекунанд, бояд ба ҷазои маъмурӣ низ кашида шаванд."

Бархе аз нерӯҳои мухолиф ҳам бовар доранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба чолишҳои ҷиддии хориҷӣ, эҳтимолан дар паёми имсол роҷеъ ба ҳамкории бештари давлат бо аҳзоби мухолиф, саҳим кардани қишрҳои мухталиф дар идора ва зарурати ваҳдати миллӣ сӯҳбат шавад. Бар ҳар ҳол, то даҳ рӯзи дигар маълум хоҳад шуд, ки ҳадсу гумону таҳлилҳо то куҷо ба яқин наздик хоҳад шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG