Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳзоб Э.Раҳмон ва И.Каримовро ба гуфтугӯ хонданд


Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов (Акс аз бойгонӣ)

Эмомалӣ Раҳмон ва Ислом Каримов (Акс аз бойгонӣ)

Намояндагии ҳизбҳо дар Суғд гуфтугӯи раҳбарони Тоҷикистону Узбакистонро роҳи ҳалли масъала донистаанд.

Файзулло Файзиев, раиси бахши суғдии Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, дар ин баёния, ки рӯзи 9-уми апрел интишор ёфт, масъулони дафтари ҳашт ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар Суғд имзо гузоштаанд. Ӯ афзуд, ҳам Ислом Каримов ва ҳам Эмомалӣ Раҳмон бояд ба кишварҳои якдигар сафари корӣ анҷом дода, аз роҳи гуфтушунид муаммоҳоеро, ки дар равобити ду ҳамсоя ба вуҷуд омадааст, ҳаллу фасл намоянд.

Дар ин баёнияи намояндагии ҳизбҳои сиёсӣ дар вилояти Суғд аз Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳам дархост шудааст, то ба беҳбуд бахшидани равобити халалдидаи Тошканду Душанбе кӯмак кунанд. "Имрӯз мо кулли мардуми Тоҷикистон дар арафаи 15-солагии таҷлил аз ваҳдати миллӣ қарор дорем. Бигузор, ин ваҳдати бо мушкилӣ ба даст омада рахнадор набошад ва ин ваҳдати байни кишвари ҳамсояву ҳаммарз ва низ Осиёи Марказӣ бошад”,-таъкид шудааст дар ин баёния.

Дафтари ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар баёнияи худ ҳамчунин гуфтаанд, ки "бояд манфиатҳои мардум аз манофеи гурӯҳиву шахсӣ боло гузошта шавад." Дар идома мехонем, “бузургии одам дар он аст, ки мо ба ҳамдигар гузашт карда тавонем. Аз муносибати хуби сарони кишварҳо, мардуми кишвар манфиатдоранд.”


"КАРИМОВ ГУЗАШТ КАРДАНӢ НЕСТ"

Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев

Файзулло Файзиев, раиси бахши суғдии Ҳизби демократи Тоҷикистон дар Суғд даст доштани кишвари севум дар бад шудани муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро ҳам рад накарда мегӯяд, "аз ин рӯ, ҷонибдори он ҳастем, ки ҳарчӣ зуд ҳарду роҳбар бар сари мизи гуфтугӯ нишинанд ва масъаларо рӯбарӯ ҳал намоянд."

Айни замон, изҳороти аҳзоби сиёсии вилояти Суғд вокунишҳои мухталифро ба бор овард. Таҳлилгари узбак Камолиддин Рабимов гуфт, эҳтимол ҳукумати марказии Тошканд ба чунин як даъвати ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон таваҷҷӯҳ накунад. "Ба фикрам, чунин даъват дар Тошканд вокунише нахоҳад дошт, чунки мушкилоти миёни Тоҷикистону Узбакистон ба як марҳилае расидаанд, ки мавқеи онҳо ҷомаи ғурури миллӣ ба бар кардаанд. Каримов гузашт карданӣ нест ва дар пеши раҳбарияти Тоҷикистон шартҳои худро гузоштааст. Тоҷикистон, ки ташнаи энержӣ аст ва алакай мавқеи худро рӯшан кардааст, дар солҳои наздик аз мавқеи касбкардааш намегузарад."

"БА ДАВЛАТ КӮМАК КУНЕМ..."

Ба қавли ин коршинос, посухи ахири нахуствазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба унвонии ҳамтои тоҷикистониаш Оқил Оқилов аз он шаҳодат медиҳад, ки мавқеи Тошканд тағйирнопазир аст. Ҳафтаи гузашта дар номае ба унвонии Душанбе сарвазири Узбакистон аз иқдоми ҳукумати кишвараш дар робита бо Тоҷикистон ҳимоят кард ва бо овардани тавзеҳоте, гуфт, тасмим барои қатъи интиқоли газ, адами имкони транзити барқи Туркманистон тавассути хоки Узбакистон ё минагузории марз “мутобиқ бо меъёрҳои байналмилалӣ сурат гирифтааст”.

Зафар Абдуллоев

Зафар Абдуллоев

Таҳлилгари тоҷик Зафар Абдуллоев даъвати бахши суғдии аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро хуш напазируфт ва гуфт, дар шароити феълие, ки кишвар қарор дорад, онҳо бояд баръакс, ваҳдати назарро бо мавқеи давлати худ баён мекарданд: "Бо вуҷуди он ки мо сиёсати Эмомалӣ Раҳмонро дӯст намедорем, ин ҳамон ҳолатест, ки мо бояд ҳамраъйии ҳамаҷониба нишон диҳем ва ба дипломатияи тоҷик кӯмак кунем, чунки ҳоло он тақрибан заминаҳои худро барои пеш бурдани гуфтугӯҳо аз даст додааст."

ҶОНИБҲОИ ПАСИПАРДАГӢ

Дар вокуниши соҳибназарони дигар таъкид мешавад, ки барои ҳалли бӯҳрони вуҷуддошта бояд ҷонибҳои дигари пасипардагии ин ихтилофҳоро ба гуфтугӯ ҷалб кард. Журналисти тоҷик Абдулфаттоҳ Воҳидов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳаракатҳои сиёсии мо ин масъаларо содда нагиранд. Бояд андеша кунанд, ки ин масъалаи ҷиддии муносибати байни қудратҳои ҷаҳонист, аз он ҷумла Русия, ки мехоҳад дар Осиёи Марказӣ мавқеи худро дошта бошад."

Абдулфаттоҳ Воҳидов

Абдулфаттоҳ Воҳидов

Бо ин ҳол, баёнияи намояндагии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар шимоли кишвар дар ҳоле пахш шуда, ки дафтари марказии ин аҳзоб ба таври расмӣ то ҳол изҳороте чоп накардаанд. Ҳарчанд намояндагони ҳизбҳо дар сӯҳбатҳои ҷудогонаи худ дар расонаҳо ба равобити кунунии Тоҷикистону Узбакистон, ки марҳилаи нохуберо паси сар мекунад, дахл намудаанд.

Тоҷикистону Узбакистон агарчӣ ҳамсояи наздиканд, аммо чанд сол боз бо ҳам муносибати хубе надоранд. Тоҷикистон агар аз фишору муҳосираҳои Узбакистон шикоят кунад, Тошканд аз он нигарон аст, ки Душанбе бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун контроли истифода аз захоири оби минтақаро дар дасти худ хоҳад гирифт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG