Пайвандҳои дастрасӣ

Шеъри интиқодии ҳафтаи гузашта чопшуда боиси он шуд, ки Исроил ба барандаи ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт Гюнтер Грасс иҷоза надод, ки аз ин кишвар дидан кунад. Дар ин шеър, ба қавли Гюнтер, маккориҳои Ғарб дар робита бо барномаи ҳастаии Исроил интиқод шуда, худи Исроил хатаре ба “сулҳи шиканандаи ҷаҳон” дар робита бо мавқеаш нисбати Эрон қаламдод шудааст. Гюнтер, ки дар пуштибонӣ аз ақоиди зиддияҳудӣ айбдор мешавад, гуфтааст, ки манзури вай на кишвар ва мардум, балки танҳо ҳукумати Исроил аст. Вале вазорати умури дохилаи Исроил гуфт, ки мутобиқи қонун, ҳақ дорад аз додани раводиб ба як нозии собиқ худдорӣ кунад. Соли 2006 Грасси 84-сола эътироф карда буд, ки дар моҳҳои охири пеш аз хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳайати нирӯҳои ниманизомии нозӣ хизмат кардааст.
XS
SM
MD
LG