Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст


Бонки марказии Русия омореро нашр карда мегӯяд, ки соли 2011 ашхоси ҳуқуқӣ ё афроди алоҳида ба Тоҷикистон се миллиард доллар ё 36 дар сад бештар маблағ ирсол кардаанд. Дар миёни ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ, ҳаҷми интиқоли пулҳо ба Ӯзбакистон дар соли гузашта назар ба манотиқи дигар бештар буда, 4,3 миллиард доллар ё 50 дар сад бештар назар ба нишондодҳои соли 2010 будааст. Дар мавқеи сеюм ҷумҳурии Украина қарор дорад, ки ба ин кишвар дар соли гузашта дар маҷмӯъ аз Русия 2,8 миллиард доллар ё 25 дар сад бештар пул интиқол дода шудааст.
XS
SM
MD
LG