Пайвандҳои дастрасӣ

Гелонӣ: Хадамоти истихбороти Покистон набояд ба сиёсат дахолат кунад


Нахуствазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ гуфт, ки хадамоти истихбороти кишвараш набояд нақши сиёсӣ дошта бошад. Хадамоти истихбороти Покистон барои мудохила ба умури хориҷии давлатҳо, аз ҷумла дар умури Афғонистон зиёд интиқод мешавад. Изҳороти Гелонӣ дар посух ба саволи хабарнигорони покистонӣ садо дод. Дар посух ба саволи марбут ба сафари президент Осифалии Зардорӣ ба Ҳинд, Гелонӣ гуфт, ки ин боздид муваффақиятомез буд.
XS
SM
MD
LG