Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба кӯмаки артиши Покистон меравад


ИМА гурӯҳи мутахассисонро ба Исломобод барои кӯмак дар ҷустуҷӯи 135 инсоне сафарбар кард, ки зери тарма азим мондаанд. Покистон гуфт, ки дар заминаи шеваи кӯмарасонӣ ба осебдидагон машваратҳо доир мешавад. Тармае, ки рӯзи шанбе дар сарҳади Ҳинд фаромад, як посгоҳи низомии воқеъ дар ин маҳалро комилан пӯшонд. Ҳоло беш аз 200 низомиву нирӯҳои имдодрасони покистонӣ дар минтақаи Сиянчен, ки дар хати шимолии минтақаи Кашмир ҷойгир аст, бо оқибатҳои офати табиӣ мубориза мебаранд. Артиш мегӯяд, ки эҳтимол аст нафаре аз онҳое, ки зери тарма мондаанд, зинда дарёфт шаванд.
XS
SM
MD
LG