Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса: Талаби Сурия ғайри қобили қабул аст


Фаронса талаби Сурияро, ки гуфтааст, то 10 апрел бояд ҳама шаҳру манотиқи ин кишвар аз силоҳбадастон холӣ шаванд, ғайриқобили қабул хонд. Изҳороти вазорати хориҷаи Фаронса баъди он пахш шуд, ки Димишқ дар изҳороте гуфт, нахуст бояд шӯришиён баёноти хаттӣ диҳанд, ки аз идомаи ҷанг худдорӣ мекунанд ва баъди ин артиши ҳукуматӣ бозхонда мешавад. Димишқ инчунин мехоҳад, ки ҳукуматҳои хориҷӣ сармоягузории шӯришиёнро хотима диҳанд. Оташбас як бахши нақшаи сулҳест, ки аз ҷониби фиристодаи СММ ва Лигаи Араб Кофӣ Аннан пешниҳод шудааст. Дар як сӯҳбат бо хабаргузории Reuters, фармондеҳи Артиши озоди Сурия Риёз Асад президент Башор Асадро дар хилофкорӣ муттаҳам кард. Тавсеаи хушунатҳо суолҳоеро дар заминаи шонси оташбас дар Сурия халқ кардааст.
XS
SM
MD
LG