Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи якшанбе ҷонибдорони мухолифони давлати Озарбойҷон дар Боку тазоҳуроти эътирозӣ анҷом доданд.

Онҳо истеъфои раисиҷумҳури ин кишвар Илҳом Алиевро тақозо карда, хостори ислоҳот шуданд. Эътирозгарон инчунин талаб намуданд, даҳҳо нафар зиндониён, ки соли гузашта дар ҷараёни чунин тазоҳурот боздошт шуда буданд, аз зиндон раҳо гарданд.

Тазоҳуроти рӯзи якшанбе (8-уми апрел) нахустин тазоҳуроти эътирозии зидди давлатӣ дар Озарбойҷон аст, ки барои баргузории он мақомоти расмӣ иҷоза доданд. Чунин тазоҳуротро соли гузашта нерӯҳои давлатӣ саркӯб карда буданд.

Созмондиҳандагони тазоҳурот иддао карданд, ки дар тазоҳурот бештар аз 10 000 нафар ширкат карданд, вале пулиси Боку шумораи ширкаткунандагонро 1 ҳазору 200 нафар тахмин задааст.

Дар изҳороти пулис омадааст, дар эътирозҳо ҷонибдорони чанд созмони мухолифи давлат ширкат доштаанд. Ҷонибдорони Ҷабҳаи Мардумии Озарбойҷон, Мусовот, Ҳизби Мардумӣ, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои ҷавонон аз ҷумлаи онон будаанд.

Алӣ Каримлӣ, раиси Ҷабҳаи Мардумии Озарбойҷон зимни суханони худ хостори озодиҳои бештар дар ин кишвар шуд: “Ҳукумати Озарбойҷон ба раҳбарии Илҳом Алиев сиёсатеро пеш мебарад, ки мухолифони ин кишварро саркӯб мекунад, садоҳои мустақилро дар давоми 7 соли гузашта бо мамнӯъ кардани тазоҳурот дар гулӯяшон хафа кардааст.”

Исо Қамбар, раиси Мусовот ё Баробарӣ вазъи Озарбойҷонро шабеҳи Баҳори Араб донист, ки соли гузашта дастхуши шӯришҳои мардумӣ ва тағйири режим дар чанд кишвар шуд. Ӯ гуфт, "мо ҳамеша бовар доштем, ки мавҷи тағйироту демократия ва озодӣ ба Озарбойҷон низ хоҳад омад. Вале дар марҳилаи кунунӣ мо мехоҳем, ки ин раванд сулҳомез бошад, бидуни муқовимат ва бидуни хунрезӣ, на мисли кишварҳои арабӣ. Интихоби мо чунин аст. Агар ҷараёни ҳаводис ранги дигар бигирад, масъулияти он бар дӯши ҳукумати Алиев хоҳад буд.”

Як узви Ҳизби Ҷабҳаи Мардумии Озарбойҷон ба бахши озарии Радиои Озодӣ гуфт, вай ва 10 нафари дигарро дар роҳ ба маҳалли тазоҳурот кормандони пулис лату кӯб кардаанд. Иддаое, ки пулиси Боку онро рад намудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG