Пайвандҳои дастрасӣ

Тибилов дар интихоботи Осетияи Ҷанубӣ пирӯз шуд


Леонид Тибилов

Леонид Тибилов

Леонид Тибилов-номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ изҳор дошт, ки омода аст рақиби интихоботии худ Давид Санакоев-Омбудсмени Осетияи Ҷанубро барои кор ба ҳукумати худ даъват кунад. Дар мусоҳибае бо хабаргузории “Интерфакс” Тибилов гуфт, Санакоев коршиноси хубест. Давид Санакоев бохти худро эътироф ва рақибаш Тибиловро бо пирӯзиаш табрик гуфтааст. Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ Леонид Тибилов-раиси пешини Кумитаи Амнияти Давлатии ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ 54 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардааст. Рақиби вай Давид Санакоев-Омбудсмени Осетияи Ҷанубӣ 43 дарсади ороро соҳиб шудааст. Тақрибан як дарсади интихобкунандагон бар зидди ҳамаи номзадҳо рай додаанд.
XS
SM
MD
LG