Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаронса дархости нави Сурияро "ғайриқобили қабул" хонд


Фаронса дархостҳои нави Димишқ-пойтахти Сурияро”ғайри қобили қабул” арзёбӣ кардааст. Аз режими Башор Асад тақозо шудааст, ки то 10 апрел, яъне то пагоҳ нируҳои худро аз шаҳрҳову шаҳракҳо фаро хонад.

Изҳороти вазорати корҳои хориҷаи Фаронса баъд аз он пахш шуд, ки Димишқ гуфт, қабл аз хуруҷи нируҳои давлатӣ шӯришиён бояд замонати хаттӣ диҳанд, ки даргириҳоро қатъ хоҳанд кард. Режими Димишқ ҳамчунин аз ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ хостааст, ки ба мухолифон кӯмакҳои молӣ накунанд.

Оташбас бахше аз нақшаҳои сулҳи Кофӣ Аннон-фиристодаи СММ ва кишварҳои Ҷомеаи Араб мебошад. Риёд ал Асад-раиси ситоди Артиши озоди Сурия дар мусоҳиба бо хабаргузории Ройтерз Башор Асадро муттаҳам кардааст, ки ваъдаҳои худро иҷро намекунад. Ташдиди хушунатҳо риояти отшабасро зери суол бурдааст.


Фаъолони мухолифони Сурия мегӯянд, ки рӯзи якшанбе дар тирандозиҳои нируҳои давлатии Сурия дар наздикии марз бо Туркия дар минтақаи шӯришӣ даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG