Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ҳавои имрӯзи Тоҷикистон


Бино ба маълумоти ҳавошиносон дар нимаи аввали рӯз дар Душанбе бориши борон пешбинӣ шудааст. Нисфирӯзӣ борон қатъ мешавад ва гармии ҳаво ба 20-24 дараҷа мерасад.

Дар Хуҷанд низ ҳавои боронӣ пешбинӣ шудааст. Шабона бориш қатъ хоҳад шуд. Ҳаво 20-24 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаи Кӯлоб дар нимаи аввали рӯз ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст. 23-27 дараҷа гарм мешавад.

Дар водии Вахш 28 дараҷа гарм хоҳад буд. То нисфирӯзӣ бориши боронро пешбинӣ кардаанд.

Дар баъзе манотиқи вилояти Бадахшон рӯзона барф меборад, вале шабона қатъ мешавад. Дар доманаҳо борон пешбинӣ шудааст. Ҳаво аз ду дараҷа хунук то 7 дараҷа гарм мешавад.
XS
SM
MD
LG