Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Осетияи Ҷанубӣ


Бино ба натиҷаҳои муқаддамотӣ, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ Леонид Тибилов-раиси пешини Кумитаи Амнияти Давлатии ин ҷумҳурии ҷудоихоҳ 54 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардааст. Рақиби вай Давид Санакоев-Омбудсмени Осетияи Ҷанубӣ 43 дарсади ороро соҳиб шудааст. Тақрибан як дарсади интихобкунандагон бар зидди ҳамаи номзадҳо рай додаанд. Ин дар ҳолест, ки 92 дарсади варақаҳои рай шумурда шудааст. 69 дарсади сокинони қобили рай дар интихобот ширкат ҷустаанд. Белла Пелиева-раиси Кумиссиюни марказии интихоботӣ гуфтааст, ки райдиҳӣ бидуни нақзи қобили мулоҳизаи қонунҳои интихоботӣ баргузор шудааст.
XS
SM
MD
LG