Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осетияи Ҷанубӣ интихобот баргузор кард


Дар Осетияи Ҷанубӣ, як минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ғолибони даври аввали интихоботи рӯзи 25 март, Леонид Тибилов, раҳбари собиқи Кумитаи Амнияти Миллии Осетияи Ҷанубӣ ва Давид Санакоев, ваколатдори ҳуқуқи инсон барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ рақобат карданд. Интихоботи аввали Осетияи Ҷанубӣ дар моҳи ноябри соли 2011 ба моҷаро омехта шуд, зеро Алла Ҷиёева, раҳбари мухолифон дар интихобот пирӯз шуд, вале Додгоҳи Олии Осетияи Ҷанубӣ, интихботро беэътибор эълон кард ва Алла Ҷиёеваро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум намуд. Ҳудуди 35 ҳазор нафар дар ин минтақа ҳаққи раъй додан доранд. Осетияи Ҷанубӣ баъди ҷанги кӯтоҳи Гурҷистону Русия дар августи соли 2008, аз Гурҷистон ҷудо шуд, вале онро ба истиснои Русияву чанд кишвари ангуштумор, дигар кишваре ба расмият намешиносад.
XS
SM
MD
LG