Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистону Амрико тафоҳумнома имзо карданд


Афғонистону Амрико рӯзи якшанбе тафоҳумномаеро имзо карданд, ки бар асоси он масъулияти анҷоми амалиётҳои шабона ба ихтиёри нерӯҳои Афғонистон дода мешавад. Ёддошти ҳусни тафоҳумро генерал Ҷон Аллен, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон ва Абдул Раҳим Вардак, вазири дифоъи Афғонистон имзо карданд. Абдулраҳими Вардак баъди имзои ин санад гуфт: “Бар асоси мавориде, ки дар ин тафоҳумнома тасвиб ёфтааст, аз таърихи имзои ин санад, яъне сар аз имрӯз амалиётҳои хос афғонӣ шуда ва аз ҷониби қитъаи хоси амалиётие, ки мураккаб аз нерӯҳои вазорати дифоъи миллӣ, вазорати умури дохила ва раёсати умумии амнияти миллӣ дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои қазоии кишвар сурат мегирад. Аз имрӯз дар чаҳорчӯби амалиёти хос хонаҳои маскунӣ ва маҳватаҳои шахсиро тафтиш карда метавонад.” Амрикову Афғонистон сари ин амалиётҳои шабонаи нерӯҳои хориҷӣ ихтилофи назар доштанд ва ин масъала пайваста як сабаби таниши миёни ду тараф будааст. Созишнома дар мавриди амалиётҳои шабона, бахше аз аҳдномаи дарозмуддати ҳамкориҳои стротежик миёни Кобулу Вашингтон аст, ки музокирот сари он идома дорад. Аҳдномаи мазкур шароити ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистонро баъди соли 2014 муаяйн мекунад, ки то охири он сол бояд аксарияти нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG