Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи музокироти Эрон ва P5+1 эълом шуд


Матбуоти Эрон мегӯяд, даври нави музокироти гурӯҳи панҷ бар изофаи як бо Эрон дар бораи барномаҳои атомии ин кишвар ҳафтаи оянда дар Туркия баргузор мешавад. Телевизиони Press TV-и Эрон гуфт, музокирот бо намояндагони Амрикову Бритониё, Фаронса, Чину Русия ва Олмон рӯзи 13 апрел дар Истанбул сурат мегирад. Эъломи мазкурро ин кишварҳо ҳанӯз таъйид накардаанд. Эрон ва кишварҳои ғарбӣ пештар дар бораи маҳалли баргузории музокирот баёнияҳои зиддунақизе нашр мекарданд, ки шакку шубҳаҳоро дар бораи умуман баргузор шудани нишаст барангехт. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад, зери пардаи барномаҳои сулоҳомези ҳастаӣ, бомби атомӣ бисозад, аммо Теҳрон ин иддаъҳоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG