Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба таҳқиқи қазияи Ҷӯраев шурӯъ кардааст


Анна Ставитская, вакили дифоъи Низомхон Ҷӯраев, тоҷири сарватманд, ки чанде пеш дар Маскав нопадид шуд, мегӯяд, дар Русия ба таҳқиқи қазияи нопадид шудани Ҷӯраев шурӯъ кардаанд. Анна Ставитская ба Радиои Озодӣ гуфт:"Вакилони Думаи Давлатии Русия ба ин қазия таваҷҷӯҳ карда ва ба ниҳодҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар Федератсияи Русия дархост фиристоданд, ки қазияи озодиву ғайб задани Низомхон Ҷӯраевро мӯшикофона таҳқиқ кунанд." Низомхон Ҷӯраевро, ки дар Тоҷикистон ба ҷиноятҳои гуногун аз ҷумла қатл муттаҳам мешавад, баъди бештар аз якуним соли боздошт, дар Русия раҳо карданд ва ӯ чанд рӯз ғайб зад. Аммо рӯзи 7 апрел дар телевизиони давлатии "Ҷаҳоннамо" зоҳир шуд ва гуфт, худаш ба Тоҷикистон баргаштааст, агарчӣ ҳомиёни ҳуқуқ ва додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар аз Русия хоста буданд, Ҷӯраевро ба Тоҷикистон истирдод накунад. Зеро метавонад, мавриди шиканҷа қарор бигирад. Мақомоти Тоҷикистон Низомхон Ҷӯраевро ба ташкили гурӯҳи ҷиноӣ, ҳифзи ғариқонунии силоҳ, ва даст доштан дар қатли Толибҷон Бобоев, муовини собиқи Додситони кулли Тоҷикистон муттаҳам мекунанд.
XS
SM
MD
LG