Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Сурия аз мухолифон "кафолат" мехоҳад


Ҳукумати Сурия рӯзи якшанбе гуфт, пеш аз ихроҷи нерӯҳояш аз шаҳрҳои кишвар, мухолифон бояд “кафолати хаттӣ” бидиҳанд. Баёнияи вазорати умури дохилии Сурия дар ҳоле нашр шуд, ки бояд то ду рӯзи дигар созиши оташбаси бо миёнҷигарии Созмони Милал ҳосилшуда ҳукми иҷро бигирад. Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, ин созишро пазируфтааст, ки қарор аст, рӯзи 10 апрел ба иҷро дарояд. Вале вазорати умури Сурия гуфт, гузоришҳо дар бораи берун кашидани нерӯҳо аз шаҳрҳои кишвар ”шарҳи нодуруст” аст. Рӯз пештар аз ин Сурия шоҳиди хунрезии зиёде шуд. Дар натиҷаи бомборони вилоятҳои Идлиб ва Ҳалаб ва ҳошияи шаҳри Ҳамо, бештар аз 160 нафар кушта шуданд, ки ин нигарониҳоро дар мавриди риоят нашудани созиши сулҳ аз тарафи ҳукумати Сурия барангехт.
XS
SM
MD
LG