Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Туркманистон "Шумахер" шуд


Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, қаҳрамонии дигар нишон дод. Ӯ ба як мусобиқаи пойгаи мошинҳо рафт ва зимни муроҷиат ба издиҳоми мардум аз довари асосӣ пурсид, ки метавонад дар мусобиқа ширкат кунад ва албатта ҷавоби мусбат гирифт. Сипас Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар мошини туркии навъи "Волкикар" нишаст ва дар мусобиқа ҳунари ронандагиашро нишон дод ва албатта пирӯз шуд. Баъди ин баргузоркунандагони мусобиқа мошини раисиҷумҳури Туркманистонро ба Намоишгоҳи миллии варзиш фиристоданд. Аммо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба ин майдон бо мошини Bugatti Veyron омад, ки тақрибан 2 миллион доллар қимат дорад ва дар як соат то 400 километр ҳаракат мекунад.
XS
SM
MD
LG