Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафъи ихтилофи назари Афғонистону Амрико?


Ҳукумати Афғонистон рӯзи якшанбе гуфт, ки бо Амрико сари масъалаи амалиётҳои шабона ба мувофиқат расиданд, ки муддатҳои тӯлонӣ дар мавриди он ихтилофи назар доштанд. Ҷонон Мусозай, сухангӯи вазорати умури хориҷии Афғонистон ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Амрикову Афғонистон имзо хоҳад шуд, ки бар асоси он масъулияти анҷоми ингуна амалиётҳо ба худи нерӯҳои афғон дода мешавад. Қарор аст, ин санад ҳамин рӯз миёни фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон генерал Ҷон Аллен ва Абдул Раҳим Вардак, вазири дифоъи Афғонистон имзо шавад. Амалиётҳои шабонаи нерӯҳои хориҷӣ пайваста як сабаби таниши миёни Афғонистону Амрико будааст. Созишнома дар мавриди амалиётҳои шабона, бахше аз аҳдномаи дарозмуддати ҳамкориҳои стротежик миёни Кобулу Вашингтон аст, ки музокирот сари он идома дорад. Аҳдномаи мазкур шароити ҳузури нерӯҳои Амрико дар Афғонистонро баъди соли 2014 муаяйн мекунад, ки то охири он сол бояд аксарияти нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ шаванд.
XS
SM
MD
LG