Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коммунистҳои рус мухолифи транзити таҷҳизоти НАТО


Геннадий Зюганов, раҳбари Ҳизби коммунисти Русия.

Геннадий Зюганов, раҳбари Ҳизби коммунисти Русия.

Коммунистҳои Русия бо интиқоли таҷҳизоти НАТО аз қаламрави ин кишвар мухолифат карданд.

Рӯзи шанбе коммунистҳои Русия алайҳи тарҳи интиқоли таҷҳизоти НАТО дар Афғонистон аз қаламрави ин кишвар эътироз карданд. Бар асоси ин тарҳ, ҳукумати Русия интиқоли мавод ва таҷҳизоти НАТО дар Афғонистонро аз тариқи роҳи транзитии канори дарёи Волга иҷозат медиҳад.

Рӯзи шанбе ҳудуди 1500 тан дар майдони Пушкини шаҳри Маскав ҷамъ омаданд ва бо барафроштани байрақҳои сурх, бар зидди ин тарҳ шиор медоданд. Ҳамзамон бо ин, дар дигар шаҳрҳои Русия низ эътирозҳо идома дошт. Аъзои Ҳизби коммунист ин иқдоми ҳукумати Русияро хиёнат ба манофеи миллӣ хондаанд.

Қабл аз ин мақомоти Русия гуфта буданд, ки дар бораи дархости НАТО дар амри интиқоли таҷҳизоти низомӣ аз бандари Уляновс, дар 900 километрии Маскав, фикр хоҳанд кард.

Геннадий Зюганов, раҳбари Ҳизби коммунисти Русия ин иқдомро ишғоли дарёи Волга тавассути НАТО хонд ва аз ҷонибдоронаш хост ин нақшаро "хунсо" созанд. Ба гуфта оқои Зюганов, ин бандар ва роҳи транзитӣ, ба як бандари бузурги қочоқи маводи мухаддир мубаддал хоҳад шуд.

Бошандагони шаҳри Уляновск низ ба хиёбонҳо рехтанд ва бар зидди НАТО шиор медоданд.

Ин дар ҳолест, ки Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки агар Русия ин роҳро барои интиқоли таҷҳизоти НАТО иҷора диҳад, он комилан мутобиқи қавонини гумрукии Русия хоҳад буд ва ҳеҷ як ҳайати мулкӣ ва низомии НАТО дар он кор нахоҳад кард.

Рӯзи ҷумъа шаҳрдори Уляновс ҳамчунон барои рафъи нигарониҳои бошандагони ин шаҳр гуфт, ки дар ин шаҳр ҳеҷ пойгоҳ ва аҳдофи низомии НАТО вуҷуд нахоҳад дошт. Вай афзуд, ки аз ин минтақа танҳо маводи ғайри низомӣ, бо ҳавопаймоҳо ва тавассути коргарони рус интиқол меёбанд. Вай ҳамчунин гуфт, ин масъала аз сӯи сиёсатмадорони шӯҳратталаб доман зада мешавад, то мавҷи эҳсосоти мардумро барангезанд.

Уляновс - шаҳрест дар канори дарёи Волга, ки дар он Владимир Ленин, раҳбари инқилоби коммунистӣ таваллуд шудааст ва барои коммунистҳои Русия аҳамияти сумбулик дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG