Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Осетияи Ҷанубӣ шурӯъ шуд


Дар Осетияи Ҷанубӣ, як минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ оғоз шуд. Ғолибони даври аввали интихоботи рӯзи 25 март, Леонид Тибилов, раҳбари собиқи Кумитаи Амнияти Миллии Осетияи Ҷанубӣ ва Давид Санакоев, ваколатдори ҳуқуқи инсон, барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ рақобат мекунанд. Интихоботи аввали Осетияи Ҷанубӣ дар моҳи ноябри соли 2011 ба моҷаро омехта шуд, зеро Алла Ҷиёева, раҳбари мухолифон дар интихобот пирӯз шуд, вале Додгоҳи Олии Осетияи Ҷанубӣ, ин натиҷаҳоро беэътибор эълон кард ва Алла Ҷиёеваро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум намуд. Ҳудуди 35 ҳазор нафар дар ин минтақа ҳаққи раъй додан доранд ва ҳадди аққал ширкати 30 дар сади онҳо дар интихобот зарур аст. Осетияи Ҷанубӣ баъди ҷанги кӯтоҳи Гурҷистону Русия дар августи соли 2008, аз Гурҷистон ҷудо шуд, вале онро ба истиснои Русияву чанд кишвари ангуштумор, дигар кишваре ба расмият намешиносад.
XS
SM
MD
LG