Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Зардорӣ аз Ҳинд оғоз шуд


Имрӯз боздиди ғайрирасмии Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон аз Ҳинд оғоз шуд, ки дар ҷараёни он Зардорӣ бо Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд наҳор хоҳад дошт. Мақомоти Покистону Ҳинд, сафари Осиф Алӣ Зардориро “хусусӣ” ва ҳадафи онро зиёрати Аҷмир, яке аз зиёратгоҳҳои муҳими мусулмонон дар Ҳинд хондаанд. Бо вуҷуди наҳори муштараки раҳбарони ду кишвар, мақомоти Ҳинду Покистон гуфтаанд, аз ин мулоқот набояд, таконеро дар ҳамкориҳои ду тараф интизор дошт. Аммо бори аввал аст, ки тайи 7 соли ахир раҳбари Покистон ба Ҳинд сафар мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG