Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри номи қурбониёни фалокат дар Покистон


Артиши Покистон исми 124 сарбоз ва 11 ғайринизомиро нашр кард, ки рӯзи шанбе дар аёлати Кашмири таҳти контроли ин кишвар зери тарма ва ё баҳман монданд. Бинобар ҳавои номусоид ва торикӣ, амалиёти наҷотро шоми шанбе қатъ карданд ва имрӯз аз сар гирифтанд. Фалокат дар пойгоҳи низомие дар наздикии пиряхи Сиачен дар Кашмир ба вуқӯъ пайвастааст. Генерал Азҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз ҷасадҳоро аз зери тарма берун кашидаанд, аммо доир ба теъдоди қурбониён ва ё бозмондагон дар ин фалокат чизе нагуфт. Ҳинду Покистон, ки се маротиба барои аёлати Кашмир ҷангидаанд, дар ин гӯшаи дурдаст ҳазорон сарбози худро ҷойгир кардаанд, ки бояд ба он сардиву иқлими тоқатфарсои он тоб биёранд.
XS
SM
MD
LG