Пайвандҳои дастрасӣ

Дар даргириҳои Сурия 53 нафар кушта шудаанд


Дар даргириҳои тоза дар Сурия рӯзи шанбе дасти кам 53 нафари дигар кушта шудаанд. Фаъолони ҳуқуқи башар дар Сурия мегӯянд, ин афрод дар ҳамлаи нерӯҳои ҳукумат ба шаҳрҳаои вилояти Ҳумс ба ҳалокат расиданд. Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Миллал, ҳукумати Сурияро барои идомаи ҳамла ба тазоҳургарони зиддидавлатӣ маҳкум карда ва аз раиси ҷумҳур Башшор Асад хостааст, бо риояти созиши сулҳ, ба хушунат фавран хотима диҳад. Бан Ки Мун, рӯзи ҷумъа гуфт, ризоияти Башшор Асад барои қатъи истифода аз силоҳҳои вазнин то 10-уми апрел набояд “баҳонае барои идомаи куштор” бошад. Кофӣ Анон, дабири кулли пешини созмон чанде пеш миёни тарафҳои даргир созишеро ҳосил кард, ки бар асоси он бояд тамоми тарафҳои муноқиша дар Сурия ҷангу хусуматро бас кунанд ва ба муколама пардозанд.
XS
SM
MD
LG