Пайвандҳои дастрасӣ

Як мақоми Дума: Эрон иштибоҳи Саддомро такрор мекунад


Алексей Пушков

Алексей Пушков

Як мақоми баландпояи Думаи давлатии Русия аз он нигарон аст, ки Эрон таҳдиди низомиро ҷиддӣ намегирад.

Раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ дар Думаи давлатии Русия, Алексей Пушков, бо изҳори ин ки ҷумҳурии исломӣ ҷиддӣ будани таҳдиди низомиро дасти кам гирифтааст, гуфт, "Эрон иштибоҳи Саддом Ҳусейнро такрор мекунад."

Ҷаноби Пушков афзуд, "эҳсос мекунам, ин иштибоҳ аз сӯи раҳбари Ироқ замоне рух дод, ки Саддом Ҳусейн хитоб ба ҷаҳон ишора кард: Ироқ дорои силоҳи куштори ом аст.”

Алексей Пушков ин ҳарфҳоро рӯзи ҷумъа (6-уми апрел) дар як мизи гирде дар Маскав, ки мавзӯи баҳсаш ҳам Эрон буд, баён дошт. Ӯ илова кард, "Саддом Ҳусейн бо ин иқдом ба нафъи гурӯҳе кор кард, ки дар Амрико таҳдидҳои меомада аз сӯи Ироқро баррасӣ мекарданд."

Иёлоти Муттаҳида ба дунболи муттаҳам кардани Саддом Ҳусейн ба доштани силоҳи куштори ҷамъӣ (ом) ба Ироқ ҳамла намуд. Агарчӣ дар Ироқ ҳеҷ гуна силоҳи куштори ҷамъӣ пайдо нашуд.

Раиси Кумитаи умури байнулмилалӣ дар Думаи давлатии Русия рӯзи ҷумъа гуфт, "фикр мекунам, Эрон ҷиддӣ будани таҳдиди низомиро кам мегирад."
Вай шаклгирии сомонаи дифои мушаки муштараки Амрико ва шаш кишвари арабии Халиҷи Форсро нишонаи имкони ҳамлаи низомӣ ба Эрон донист.

Вай афзуд, коршиносон мӯътақиданд (бовар доранд), ки ҳамлаи низомӣ танҳо барои се сол ин барномаро ба ҳоли таълиқ дармеоварад ва пас аз он Эрон бори дигар талошҳои худро аз сар хоҳад гирифт.

Амрико ва Исроил то кунун борҳо таъкид кардаанд, ки дар сурати ба натиҷа нарасидани роҳкорҳои дипломатӣ дар муқобила бо барномаи ба қавли онҳо "машкук"-и ҳастаии Эрон гузинаи низомӣ ва ҳамла ба таъсисоти ҳастаии Эрон метавонад мадди назар қарор бигирад.

Алексей Пушков аммо ҳамлаи эҳтимолии низомӣ ба Эронро маҳдуд ба таъсисоти ҳастаӣ намедонад ва мегӯяд, “ҳамла ба Эрон метавонад ба ҷанги минтқаӣ сабаб шавад."

Ғарб хостори шаффофии кори Эрон дар масъалаи барномаи ҳастаи ин кишвар шудааст. Аммо Эрон дар муқобил бар сулҳомез будани фаъолиятҳои атомии худ таъкид карда ва ҳамчунин ҳушдор додааст, ки дар сурати ҳар гуна ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон даст ба иқдоми мутақобил хоҳад зад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG