Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиф Алӣ Зардорӣ ба Ҳинд меравад


Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, рӯзи якшанбе ба Ҳинд сафар мекунад, ки нахустин сафари раҳбари Исломобод ба Ҳинд дар ҳафт соли ахир аст. Қарор аст, ӯ баъди наҳор бо Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд, барои ниёиш ба шаҳри Раҷастан, як зиёратгоҳи маъруфи мусулмонон биравад. Ҳинду Покистон солҳои тӯлонӣ муносиботи хубе надоштанд ва баъди истиқлолашон аз Бритониё дар соли 1947, се маротиба бо ҳам ҷангидаанд. Пеш аз сафари Зардорӣ ба Ҳинд, Амрико барои сари Ҳофиз Муҳаммад Саид, муассиси гурӯҳи ифротгарои Лашкари Тайиба, 10 миллион доллар подош таъйин кард, ки ин гурӯҳ дар Покистон қароргоҳ дорад ва онро тарҳрези ҳамлаи терористии соли 2008 ба шаҳри Мумбайи Ҳинд медонанд.
XS
SM
MD
LG