Пайвандҳои дастрасӣ

Беш аз сад сарбози покистонӣ дар зери тарма


Артиши Покистон мегӯяд, барои берун овардани беш аз 100 сарбози худ аз зери тарма оғоз намудааст.

Артиши Покистон таъйид кард, ки беш аз 100 сарбози кишвар дар як гӯшаи дурдасти вилояти баҳсбарангези Кашмир зери баҳман ва ё тарма мондаанд.

Азҳар Аббос, сухангӯи артиши Покистон, ба бахши покистонии Радиои Озодӣ гуфт, баҳман (тарма) пойгоҳи низомиро зер карда ва амалиёти наҷоти сарбозон идома дорад: "Соати шаши бомдод тарма омада ва 113 нафарро дар ҳамон ҷо гӯр кард. Гурӯҳи наҷотбахшонро ба он ҷо фиристодем. Аз чархболҳо, сагҳои бӯйгир истифода мекунем, сарбозонро низ барои амалиёти наҷот сафарбар кардем."

Азҳар Аббос гуфт, баъзе аз ҷасади сарбозонро берун кашидаанд, вале ҳоло маълум нест, чанд тани онҳо зинда мондаанд. Тарма дар наздикии пиряхи Сиачен дар яке аз қисматҳои кӯҳҳои Ҳимолой фуруд омадааст.

Ҳинду Покистон, ки ҳарду ба сари вилояти Кашмир даъво доранд, ҳазорон сарбози худро дар ин минтақаи сарду дурдаст ҷойгир кардаанд. Сарбозон ҳам бояд ба сармои қаҳратун, бодҳои сахт ва бемориҳои мухталиф моҳҳои зиёде тоб биёранд. Моҳи март низ бар асари тарма дар Кашмири таҳти контроли Ҳинд 16 сарбози Ҳинд ҳалок шуданд.

Вилояти умдатан мусулмоннишини Кашмир баъд аз истиқлоли Ҳинд аз Бритониё дар соли 1947 се бор сабаби ҷанг миёни Ҳинду Покистон шудааст. То 20 ҳазор нафар аз сарбозони ду тараф, соли 1984 барои пиряхи Сиачен ҷангидаанд. Ба гуфтаи коршиносони низомӣ дар ин минтақа, ки аз сатҳи баҳр 6 ҳазору 700 метр баланд аст, иқлими сарду тоқатфарсо ҷони сарбозони зиёдеро гирифтааст.
XS
SM
MD
LG