Пайвандҳои дастрасӣ

Сулаймон дар интихоботи Миср ширкат мекунад


Дастёрони Умар Сулаймон, раҳбари собиқи хадамоти ҷосусии Миср мегӯянд, ки ӯ қасд дорад, дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад. Пештар худи Сулаймон гуфта буд, ки номзадиашро дар интихобот намегузорад. Ба навиштаи матбуоти Миср, рӯзи ҷумъа садҳо нафар аз тарафдоронаш дар Қоҳира раҳпаймоӣ карда, аз Умар Сулаймон хостанд, дар интихобот ширкат кунад. Сулаймони 74-сола яке аз атрофиёни наздики Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср буд, дар қиёмҳои мардумии соли гузашта истеъфо дод. Умар Сулаймон бояд барои пешбарии номзадиаш 30 ҳазор имзо ҷамъ оварад ва мӯҳлати сабти номзадҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳури Миср рӯзи якшанбе 8 апрел ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG