Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Созмони Ҳамос се нафарро ба дор кашид


Гурӯҳи Ҳамос, рӯзи шанбе як нафарро барои “ҳамдастӣ” бо Исроил ва ду фаластинии дигарро барои даст доштан дар куштор ба дор овехтааст. Вазорати умури дохилии Ташкилоти Худгардони Фаластин дар баёнияе гуфт, ҳар се нафарро дар шаҳри Ғазза ба дор кашиданд. Бори аввал аст, ки созмони Ҳамос дар соли равон як нафарро бо иттиҳоми “ҳамдастӣ” бо Исроил қатл мекунад. Гуфта мешавад, маъмурони амниятии Исроил дар амри ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои тундравон ва маҳви раҳбарони гурӯҳҳои тундрави фаластинӣ аз баъзе аз “хабаррасонҳои” фаластинӣ кӯмак мегиранд.
XS
SM
MD
LG