Пайвандҳои дастрасӣ

Русия S-400-ро дар Калининград ҷойгир мекунад


Рӯзномаи “Известия”-и Русия навиштааст, истиқрори системаи пешрафтаи зидди мушакии S-400 Триумф дар вилояти Калининград шурӯъ шудааст. Рӯзнома аз қавли як манбаъи худ дар сипоҳи баҳрии Балтикаи Русия навиштааст, ин система марзҳои ғарбии Русияро аз ҳамлаҳои ҳавоиву мушакӣ муҳофизат хоҳад кард. Адмирал Виктор Чурков, фармондеҳ аз Сипоҳи баҳрии Балтика моҳи феврал ба Известия гуфта буд, ки истиқрори S-400 дар Калининград моҳи апрел шурӯъ мешавад. Гузоштани ин сипари дифоъӣ дар Калининградро посухе ба барномаи Амрико медонанд, ки қасд дорад, дар Аврупо сипари дифоъи зиддимушакӣ ҷойгир кунад. Русия ин сипарро хатаре ба амнияти худ медонад. Фармондеҳони Русия гуфтаанд, системаи S-400 то охири ҳамин сол дапр минтақаи Приморйе дар шарқи Русия ҷойгир карда мешавад. Матбуоти русӣ навиштааст, ин система қодир аст, бо 72 мушак ҳамзамон 36 ҳадафро нобуд кунад.
XS
SM
MD
LG