Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

"Навгониҳои иттилоотӣ ҳанӯз саросарӣ нашудааст"


Тоҷикистон дар феҳристи истифодаи фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобиротии Форуми ҷаҳонии иқтисод миёни 142 кишвари ҷаҳон мақоми 114-умро дар соли 2011 касб кард.

Форуми ҷаҳонии иқтисод (World Economic Forum), як созмони мустақили байнулмилалии мустақар дар Ню-Йорк, ки ба таҳқиқи беҳбуди тиҷорату сиёсат дар ҷаҳон машғул аст, мегӯяд, тафовути рақамӣ дар ҷаҳон миёни аҳолии кишварҳои рушдёфта ва рӯ ба рушд тағйир нахӯрдааст.

Яке аз муаллифони ин гузориш - устоди улуми технологӣ, Соимитра Дутта мегӯяд, ҷаҳон ба ҳам пайваст мешавад ва дар ин раванд донистани таъсири фанновариҳо асрӣ ба истилоҳ “диҷиталӣ” рӯи кори ҳукумат, соҳибкорон ва афроди алоҳида хеле муҳим аст. Ба қавли номбурда, дар баробари насби технологияҳои диҷиталиву инфраструктураи он муҳим аст, ки фазои истифодаи он то кадом ҳудуд ба пешрафти умур кумак мерасонад.

Баъзе аз коршиносони маҳаллӣ бо ишора ба суръати рушди истифодаи телефонҳои мобил ва бозори тақдимкунандагони интернет,Тоҷикистонро дар қатори кишварҳои пешрафта ном мебаранд. Вале чаро Тоҷикистон дар ҷои 114 ум қарор дорад?

Тоҷикистон аз рӯи ҷорӣ кардани навгониҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ дар ИДМ дар мақоми аввал меистад, аммо Муҳаммадӣ Ибодов, сарвари созмони
Бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Бинои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон
Ташаббуси шаҳрвандии густариши интернет ва аз мубтакирони ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, истифодаи онҳо дар ҷомеа ҳанӯз саросарӣ нашуда, танҳо бо гуфтугӯҳои телефонӣ ва муоширати интернетиву мутолиаи сафҳаву сомонаҳои интернетӣ маҳдуд мешавад.

Вай афзуд, фанновариҳои иттилоотӣ ва мухобиротӣ, аз ҷумла истифодаи онҳо дар робитаи мардуму ҳукумат, пардохтҳои маишӣ, бонк ва дигар соҳот хеле камранг аст:
"Тафовути рақамӣ чандин меъёр дорад, аз ҷумла дар Тоҷикистон ин меъёрҳо, масалан, тафовути рақамӣ миёни калонсолону ҷавонон, шаҳру деҳот, мардуми саҳро ва мардуми оффис, доро ва камбизоат, занон ва мардон бештар ба назар мехӯранд. Аз рӯи ин меъёрҳо ҷой гирифтани Тоҷикистон дар чунин зина мантиқӣ буда метавонад."

Ба қавли коршиносон, соҳаҳое ҳастанд, ки коргузорӣ дар шакли кӯҳан гузошта шудааст, масалан, хариди билетҳои роҳи оҳан дар Тоҷикистон имкон надорад. Ё дар ҳоле ки барои хадамоти коммуналӣ, аз ҷумла ҳаққи барқу об, мошинҳои пардохт насб шудаанд, нозири барқ ё ходими хадамоти обрасонӣ пушти дари мардум пайдо мешавад ва мавҷудияти авомили фасод дар ин маворид истисно буда наметавонад. Ҳамчунин дар тамоми олам мардум аз истифодаи пули нақд рӯ гардонда, эҳтиёҷоти худро бо картаи кредит мебароранд. Аммо дар Тоҷикистон ин корро ҳукумат ба зурӣ ҷорӣ мекунаду мардум аз он розӣ ба назар намерасанд.

Асомуддин Атоев
Асомуддин Атоев
Асомуддин Атоев, мудири Академияи шабакавии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, мегӯяд, тафовути рақамӣ ба тафовути шаҳру деҳот дар Тоҷикистон вобаста аст, ки дар яке рушд кардаву дар якеи дигар ба кундӣ пеш меравад: "70 дарсади мардуми Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд. Ин аст, ки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар шаҳрҳо бештар ва дар деҳот камтар нафъ меоранд."

Коршиносон ҳамчунин бар огаҳӣ ва имкониятҳои молиявии мардум барои дастрасӣ ба фанновариҳои навини иттилоотӣ ва мухобиротӣ ишорат мекунанд. Яке аз ҳаводиси нодири чанд моҳи ахир ба пахши рақамӣ гузаштани телевизионҳои Тоҷикистон буд, ки онҳоро аз моҳвора, ба истилоҳ, "гум" кард. Як идда тоҷикони муқими кишварҳои хориҷ шикоят пеш оварданд, ки наметавонанд телевизионҳои тоҷикиро аз моҳвора пайдо кунанд.

Аммо Азимулло Юсупов, як корманди ширкати "Телерадиоком", масъули барномаи гузаштани Тоҷикистон ба пахши рақамии радиову телевизион аз соли 2010 то 2015 мегӯяд, телевизионҳо аз пахши моҳвораӣ умуман хориҷ нашудаанд: "Мо тавассути телевизионҳо қариб 20 рӯз эълон кардем. Бархе таваҷҷӯҳ накарданд ва ба мо занг заданд. Мо ба онҳо гуфтем, ки ба сомонаи мо муроҷиат кунанд ва он ҷо мебинанд, ки мушаххасоти фаннӣ чӣ гуна тағйир ёфтаанд. Мушкиле набуд, фақат ин ки таваҷҷӯҳ накарданд."

Ҷаноби Юсупов гуфт, ҷорӣ намудани пахши рақамӣ дар ширкати ӯ хароҷоти онро бамаротиб коҳиш дод, аммо аз овардани рақами мушаххас худдорӣ кард.

Бино ба маълумоти расмӣ, соли гузашта танҳо ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба буҷаи кишвар 1,5 миллиард сомонӣ, муодили беш аз 300 миллион доллари амрикоӣ маблағ ворид кардаанд.
XS
SM
MD
LG