Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Русия дар бораи ҳукми додгоҳи Виктор Бут


Виктор Бут бо дастҳои баста
Виктор Бут бо дастҳои баста
Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия изҳор дошт, ба додгоҳи Амрико, ки Виктор Бут-шаҳрванди Русияро ба 25 соли зиндон маҳкум кардааст, фишори бсобиқа ворид шудааст. Ба гуфтаи Лавров, Бутро аз ҳамон оғоз ба қозиёни додгоҳ ва аъзои мурофиа ҷинояткор муаррифӣ карданд ва чунин кор ба ҷараёни мурофиа таъсир гузоштааст. Лавров мегӯяд, ки Русия василаҳои қонуние дар ихтиёр дорад ва метавонад Бутро ба Русия баргардонад. Виктор Бут яке аз тоҷирони бузурги аслиҳаи ғайриқонунӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG