Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 апрел Рӯзи ҷаҳонии беҳдошт аст


Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе дар робита бо Рӯзи ҷаҳонии беҳдошт вазорати тандурустии Тоҷикистон ва намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт нишасти хабарии муштарак анҷом доданд. Ҳар сол Рӯзи ҷаҳонии беҳдошт 7 апрел баргузор мешавад. Соли ҷорӣ ин рӯз зери шиори “Солмандӣ ва саломатӣ” баргузор шуд. Созмони мазкур соли ҷорӣ таваҷҷуҳро ба саломатӣ дар тамоми солҳои зиндагӣ ҷалб мекунад. Ба ақидаи ин созмон, саломатии хуб дар пиронсолӣ ба занону мардон кӯмак мекунад, ки ҳаёти хубу барои ҷомеа судовар дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG