Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Шӯрои сулҳи Кунар дар сӯиқасде кушта шуд


Дар вилояти Кунари Афғонистон як бамгузори маргталаб раҳбари Шӯрои сулҳи вилоят ва писари вайро дар суиқасде ба қатл расондааст. Пулис мегӯяд, Мавлавӣ Муҳаммад Ҳошим Муниб-раҳбари Шӯрои сулҳи вилояти Кунар дар маҳали ҳодиса ва писари вай дар бемористон ҷон додаанд. Вилояти Кунар бо Покистон ҳаммарз аст ва яке аз пойгоҳҳои Толибон бу шумор меравад. Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон талош дорад Толибонро ба музокироти сулҳ ҷалб кунад. Бурҳониддин Раббонӣ-раиси ин шӯро моҳи сентябри соли гузашта дар сӯиқасде дар хонааш дар Кобул кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG