Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар Ганҷаи Озарбойҷон


Бино ба гузоришҳо, рӯзи ҷумъа дар Ганҷа-дуввумин шаҳри бузурги Озарбойҷон дар ҷараёни тирандозии миёни нируҳои амниятӣ ва як гурӯҳи мусаллаҳ як нафар кушта шудааст. Хабарнигори бахши озарии радиои Озодӣ аз маҳали ҳодиса мегӯяд, чанд марди мусаллаҳ дар биное паноҳ бурдаанд ва нируҳои амниятӣ ин биноро ба муҳосира даровардаанд. Пулис аз маҳали ҳодиса мегӯяд, ки ин мардони мусаллаҳ ба сӯи нируҳои интизомӣ оташ кушодаанд ва баъд аз чанд соати тирандозӣ боздошт шудаанд. Хадамоти беҳдоштии таъҷилӣ мегӯянд, ки як корманди пулис дар ин тирандозӣ кушта шудааст. Мақомоти амниятӣ аз додани ҷузъиёти бештар дар бораи ин ҳодиса худдорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG