Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости узбактаборони Тоҷикистон аз Ислом Каримов


Гурӯҳе аз сокинони узбактабори Тоҷикистон ба Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон номаи сарбоз фиристодаанд ва аз вай хостаанд, ки дар барқарории равобити ҳасанаи миёни ду кишвар кӯмак кунад. Матни ин номаи сарбозро баъзе хабаргузориҳои маҳаллӣ ба чоп расондаанд. Сокинони ӯзбактабори Тоҷикистон дар номаи худ, аз ҷумла мавҷудияти раводид, ки мунҷар ба мушкил дар равуо шудааст, минкории марзҳои ду кишвар, ки даҳҳо кушта бар ҷой гузоштааст , бастани роҳи Оҳан ва мухолифат бо барномаҳои энержии Тоҷикистон ёдовар шудаанд ва аз «пешвои узбекони ҷаҳон ва асосгузори нахустин давлати узбакон» Ислом Каримов хоҳиш мешавад, ки барои рафъи ин мушкилиҳо тадбир андешад.
Номаи ӯзбактаборони Тоҷикистон ба унвони Ислом Каримов дар ҳоле ба нашр мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд то кунун Ӯзбакистон ба таври расмӣ далоили қатъи интиқоли газро нагуфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG