Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Туркманистон як ҳафта арақнӯшӣ мамнӯъ шуд


Дар рӯзҳои Ҳафтаи саломатӣ ва хушбахтӣ дар Туркманистон фурӯши арақ ва соири маводи алколиро мамнӯъ эълон кардаанд. Бино ба гуфтаи рӯзноманигороне, ки аз Туркманистон барои бахши туркмании радиои Озодӣ гузориш медиҳанд, мағозаҳои фурӯши нӯшокиҳои алколӣ то миёнаи ҳафтаи оянда баста хоҳанд буд. Мақомот дар бораи ин, ки чаро аз рафҳои мағозаҳо нӯшокиҳои спиртиро мебардоранд, тавзеҳогт надодаанд. Ҳафтаи саломатӣ ва хушбахтӣ дар ин кишвар бо ташаббуси Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳур баргузор мешавад. Ҳадаф аз он ташвиқи ҳаёти солим ва хушбахтона арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG