Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахуствазири Туркия дар вокуниш ба бетаваҷҷуҳии Теҳрон дар баргузории гуфтугӯҳои ҳастаӣ дар Истанбул гуфт, Эрон бо чунин рафторҳое обрӯи худро аз даст медиҳад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия рӯзи панҷшанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Ин пешниҳод, ки ҳамакунун бар сари забонҳост, Димишқ ё Бағдод, вақтро зоеъ кардан аст, маънияш ин аст, ки амалӣ нахоҳад шуд. Ба хотири он, ки эрониҳо медонанд, ки ҷониби дигар қабул намекунад ба Димишқ ё Бағдод биояд."

Нахуствазири Туркия афзуд: “ Мо бояд рӯирост бошем, зеро ба хотири адами (надоштан)-и садоқати эрониҳо, онҳо ҳамин тавр обрӯи байналмилалии худро аз даст медиҳанд."

Раҷаб Таййиб Эрдуғон афзуд, “ин забони дипломатӣ нест, исми ин чизи дигаре аст, аммо ман инҷо наметавонам бигӯям."

Туркия ба Эрон пешниҳод карда буд, ки дар моҳи ҷорӣ мизбони гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо гурӯҳи 5+1 дар Истанбул бошад ва то чанд рӯз пеш ҳам мақомоти эронӣ аз ин мизбонӣ ибрози ризоят карда буданд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон ин изҳороти шадидуллаҳнро дуруст як ҳафта пас аз сафар ба Эрон ва дидор бо мақомҳои баландпояи эронӣ баён кардааст.

Мақомҳои эронӣ дар рӯзҳои ахир, ба вижа пас аз конфронси "Дӯстони Сурия" гуфтаанд, ки моиланд гуфтугӯҳо дар ҷое ғайр аз Истанбул баргузор шавад ва ҳанӯз тасмиме дар ин бора гирифта нашудааст.

Як рӯз пеш аз ин Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия низ дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки сафири Эрон дар Туркия ба хотири мавзеи мақомҳои эронӣ дар бораи конфронси Сурия, ба вазорати хориҷии ин кишвар иҳзор шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG