Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин мошинҳои хориҷиро "таҳрим" кард


Сарвазири Русия боз аз як талоши дигар барои зинда кардани саноати фалаҷшудаи мошинсозии кишвараш дарак дод.

Путин рӯзи чоршанбе дарТоляттӣ, дар корхонаи мошинсозии АвтоВАЗ дар расми муаррифии Lada Largus – фаровардаи нави ин корхона гуфт, дар оянда тамоми мошинҳое, ки аз ҳисоби давлат харидорӣ мешаванд, бояд сохти фақат Русияву Беларус ва Қазоқистон – 3 узви паҳнои воҳиди иқтисодӣ бошанд.

Раҳбарони Русия, аз ҷумла худи Путин, қаблан ҳам талош карда буданд, ки мансабдорони русро дар мошинҳои ватанӣ бишинонанд, вале ин тоифа ҳамчунон ба мошинҳои роҳаттари хориҷие, чун Mercedes, BMW ё Audi бартарӣ медиҳанд. Путин дар Толяттӣ гуфт: "Ба ақидаи ман, тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ширкатҳое, ки аз будҷа таъмини молӣ мешаванд, бояд алакай дар ояндаи наздиктарин фақат он васоили нақлияро бихаранд, ки дар қаламрави паҳнои воҳиди иқтисодӣ, яъне дар Русияву Қазоқистон ва Беларус сохта шудаанд.”

Путин аммо илова кард, ки дар мавориди истисноӣ харидории танҳо он мошинҳои хориҷиеро ҳамчунон иҷозат хоҳанд дод, ки айни он дар ин 3 кишвар тавлид намешавад.

Вазорати рушди иқтисоди Русия эълон кард, ки тарҳи қонуни наве, ки харидории мошинҳои хориҷӣ бо пули давлатро манъ кунад, то 2 моҳи дигар таҳия хоҳад шуд. Аммо ба далели инки аксари ширкатҳои бузурги мошинсозии дунё тавлиди мошинҳои худро дар Русия ҳам ба роҳ андохтаанд, баъид аст, ки ибтикори нави Путин дар амри эҳёи саноати мурдаву ақибуфтодаи мошинсозии Русия кӯмаки зиёде кунад.

Бо ин ҳол, Zakupki.gov.ru – сомонаи расмии тендерҳои давлатии Русия менависад, ки мақомоти шаҳри Новоаннински вилояти Волгоград барои харидории мошинҳои Fiat Ducato ва Hyundai Solaris ва бемористони ҳамин шаҳр барои Mitsubishi Outlander XL фармоиш додаанд.

Додгоҳи вилояти Красноярск барои харидани Toyota Camry 1,3 миллион рубл, қариб 45 000 доллар ҷудо карда, маъмурияти рустои Чаган дар вилояти Аштархон омода ҳаст барои Volkswagеn Tiguan 1 миллиону 270 ҳазор рубл харҷ кунад. Ба гуфтаи як блогнависи маҳаллӣ, ин баробари сеяки тамоми будҷаи солонаи ин рустост.

Владимир Путин соли 2008, зимни боздид аз корхонаи мошинсозии КАМАЗ дар Набережние Челни низ гуфта буд: “Вақте корхонаҳои мо ба коҳиши тавлидот маҷбур шудаанд, сарфи маблағҳо ба харидории мошинҳои хориҷӣ ғайри қобили қабул аст.”

Аммо соли гузашта вақте Путин дар АвтоВАЗ пушти фармони мошини нави Lada Granta нишаст, 5 дафъа зӯр зад, ки моторашро даргиронад. Ба ҳамин далел, то замоне ки мошинҳои сохти Русия аз нигоҳи сифат ва роҳат ҳампои рақибони хориҷиашон намешаванд, гумон аст, ки касе, ҳатто Путин, мансабдорони русро ба табдили Mercedes-у BMW-и роҳаташон ба “Волга” ё “Жигулӣ” маҷбур карда битавонад.

Дар поёни солҳои 90 Борис Немтсов, ки ҳанӯз валиаҳди тахти Борис Елтсин маҳсуб мешуд, худ намуна нишон дода, боқии мансабдоронро ҳам маҷбур кард, ки ба “Волга” гузаранд. Натиҷа ин шуд, ки Немтсов ҳам мақоми муовини сарвазир ва ҳам мақоми валиаҳдиро аз даст дод ва ба мухолифин пайваст. Аммо ба мансабдорони рус ҳамчунон мошинҳои роҳати хориҷӣ “хидмат” мерасонанд.
XS
SM
MD
LG