Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як номаи узбактаборон ба Ислом Каримов


Гурӯҳе аз узбакони муқими Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба раиси ҷумҳури Узбакистон хостори барқарории равобити хуб байни ду кишвар шуданд.

Матни ин номаи саркушода дар бархе аз хабаргузориҳои маҳаллӣ ба чоп расидааст.

Сокинони узбактабори Тоҷикистон дар ин нома аз мушкилотии мавҷуд миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, аз ҷумла мавҷудияти раводид, ки мунҷар ба мушкил дар равуо шудааст, минкории марзҳои ду кишвар, ки садҳо кушта бар ҷой гузоштааст, бастани роҳи Оҳан ва мухолифат ба барномаҳои энержии Тоҷикистон зикр шуда ва аз «пешвои узбекони ҷаҳон ва асосгузори нахустин давлати узбекон» Ислом Каримов хоҳиш мешавад, ки ҷиҳати рафъи онҳо иқдом намояд.

Дар ин нома бахусус аз асароти манфии қатъи комили газ аз тарафи Узбакистон аз аввали апрели соли ҷорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шиддат изҳори нигаронӣ карда мешавад. Муаллифони нома аз он изҳори таассуф мекунанд, ки бар асари қатъи интиқоли гази табиӣ, «корхонаҳои азим ба монанди «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар шаҳри Турсунзода ва корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе аз фаъолият монданд.»

Сокинони узбактабори Тоҷикистон навиштаанд, ки «дар ободиву пешравии шаҳри Турсунзода ва «Ширкати Алюминийи Тоҷик» миллати узбек саҳми бузурги худро дорад. Дар шаҳр ва корхонаи мазкур тӯли солҳои дароз шаҳрвандони Узбекистон низ фаъолият мекарданд ва мекунанд. Аксарияти шаҳрвандони Узбекистон, ки дар корхонаи мазкур фаъолият мекарданд, имрӯз нафақахӯри «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мебошанд.»

Муаллифони ин нома аз аҳли зиёи ду кишвар даъват кардаанд, ки барои оддӣ ва ба ҳолати муқаррари баргаштани равобити ду кишвар кӯшиш кунанд.

Дар охири номаи саркушодаи сокинони узбактабори Тоҷикистон зикр мешавад, ки «мо узбекони Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу дустии самимонаи халқҳои тоҷику узбек мебошем ва аз Шумо ҳамчун пешвои миллати узбек, сар ба таъзим оварда хоҳиш мекунем, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистонро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан ба таври мусбӣ тағйир диҳед.»

Зимнан ба дунболи қатъи интиқоли гази Узбакистон ба Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Русия ва сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон низ бо нашри баёнияҳое хостори барқарории муносибатҳо байни ин ду кишвар шуда буданд.

Номаи узбактаборони Тоҷикистон ба унвони Ислом Каримов дар ҳоле ба нашр мерасад, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд то кунун Узбакистон ба таври расмӣ далоили қатъи интиқоли газро нагуфтааст.

Узбактаборони Тоҷикистон аз ин қабл низ бо ирсоли нома чанд ба ҳукумати Узбакистон ва раиси ҷумҳури он кишвар, хостори барқарории равобити нек бо Тоҷикистон шуда буданд.
XS
SM
MD
LG